Апрел 05, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду нафар дар робита ба таркиши моҳи март дар Қурғонтеппа

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини рустои Зарбдор дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа маркази вилояти Хатлон ба иттиҳоми таҳияи маводи тарканда, ки сабаби марги нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии ин шаҳр шудааст, хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, мақомоти ин ниҳод эълом кардаанд, ки ду сокини ин русто ба иттиҳоми омодасозии маводи тарканда, ки сабаби кушта шудани нигаҳбони 67-солаи омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтеппа шуд, боздошт шудаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо таъйиди боздошти ин ду нафар ва оғози бозҷӯӣ аз онон аз ифшои номи ин ду гумонбар ва ангезаи ин ҳодиса худдорӣ кардааст.

Мақомоти додситонии Хатлон эълом кардаанд, ки Ҳасанбой Раҳмонови 67-солаи нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтеппа шаби 12 март, бо мушоҳидаи маводи тарканда дар маҳалли кораш қасд дошт ин бастаро ба идораи полис таҳвил диҳад, ки таркиш рух дод ва кушта шуд.

Омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтппа дар рӯ ба рӯйи сохтмони додситонӣ ва додгоҳи низомии вилояти Хатлон воқеъ шудааст.