Апрел 06, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон  дар соли ҷорӣ

Бонки осиёии рушд дар тозатарин гузориши хеш аз коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ хабар додааст.

Ин созмони байналмилали молӣ пешгуӣ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017  танҳо дар  ҳадди 4.8 дар сад  афзоиш ёфта,  дар соли ояндаи 2018 мизони рушди он 5.5 дар садро ташкил хоҳад дод.

Дар ин гузориш зери унвони  рушди Осиё-2017 таъкид мешавад, ки  рушди иқтисоди  Тоҷикистон дар соли 2017 дар сатҳи 4,8 дар сад пешбинӣ мешавад, зеро талафоти зиёд аз қарзҳо хадамоти бонкиро дар ин кишвар маҳдуд карда, ҳамзамон камшавии  интиқоли маблағҳо аз хориҷ мизони масрафи мардумро коҳиш медиҳад.

Тоичик Чансават сарпарасти намояндагии БОР дар Душанбе  таъкид кардааст, ки барои тақвияти  бахши хусусӣ ва рушди  устувор, Тоҷикистон ба ислоҳти фаврӣ ҷиҳати  эҳёи низоми бонкӣ ва арсаи молиявӣ ниёз дорад.

Дар кутоҳмуддат таҳлилгарони БОР ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки  ин кишвар арзёбиҳои мустақил ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дарёфт карда, тақвияти назорати бонкӣ ва боло бурдани дастрасӣ ба хадамотӣ молӣ дар ин кишварро таъмин кунад.

Коршиносони БОР ба Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат боло бурдани зарфияти молӣ  ҷиҳати касби этимоди мардум ба низоми бонкӣ, таъсиси низоми бимаи қарзҳо ва замонати маблағгузории содирот, роҳандозии хадамоти муосири бонкӣ ва талаб намудани шафофият дар фаъолиятҳои молии бонкҳоро пешниҳод кардаанд.

Инчунин дар гузориш пешгӯӣ мешавад, ки соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то 8 дар сад  боло рафта, соли 2018 то ба 7 дар сад пойин поин меравад.  Бояд гуфт, ки  соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1 дар садро ташкил дод.

Ин гузориши БОР дар ҳоле нашр мешавад, ки тайи як моҳи ахир сомонӣ - пули миллии Тоҷикистон таҳдиди фишор қарор гирифта, арзиши он дар баробари доллар ба таври назаррас коҳиш ёфта ва ин раванд идома дорад.

Бонки Миллии Тоҷикистон арзиши як долларро барои имруз 6 апрел  8с 36 д муқаррар кардааст.

Қаблан дар Бонки Миллии Тоҷикистон иллати болоравии арзиши доллар ва камчин шудани ин арзи хориҷиро ба тавозуни манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва коҳиши интиқолоти пулии муҳоҷирон марбут дониста буд.

Аз сӯи дигар Ҳукумати Тоҷикистон дар охири соли 2016 барои наҷоти чаҳор бонки буҳронзада беш аз 3 миллиард сомонӣ кумаки молӣ кард, вале ин кӯмакҳо хатари афзоиши пули нақд дар бозор ва болоравии сатҳи таваррумро ба миён овардааст.