Апрел 07, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Матбуоти Тоҷикистон: Аз ҳамлаи террористӣ то пароканда кардани намоишгоҳи таҳсил

Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, тасмими Маскав барои афви муҳоҷирони кории тоҷик, таъхир дар азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон ва қазияи пароканда кардани як намоишгоҳи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ аз муҳимтарин матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар саҳфаи аввали хеш бо нашри акси террористи эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов дар саҳфаи аввали хеш суол гузоштааст, ки чаро муҳоҷири 22-солаи  қирғиз ба ин амал даст зад? Рузномаи “Имрӯз нюз” низ дар саҳфаи аввалаш навишта, ки  “теракт дар метрои Санкт-Петербург 14 куштаву 47 маҷруҳ бар ҷой гузошт”. Дар матолиби дигари рузномаи мазкур дар мавриди нахустин хисороти баҳории офтаҳои табиӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, дар авохири моҳи март бар асари резиши тарма ва сангпораҳо 10 манзили маскунӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон тахриб шуда, хушбахтона, ин ҳаводис талафоти ҷонӣ надоштааст. Дар мавриди хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон нашрияи русзабони “Азия плюс” низ матлабе чоп карда, таъкид кардааст, то соли 2020 1400 хонавода дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз хавфи офатҳои табиӣ, назири лағжиши замин бояд маҳалли зисти хешро иваз кунанд. Дар бахши дигари матолиби  нашрияи  “Имруз нюз” гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 2 апрел бо касби аксарияти райи мардум  ба унвони вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шудааст.

Ҳафтаномаи “Самак” дар матлаби аслии  хеш таҳти унвони “Афв ҳаст, афв нест, сардаргумии муҳоҷирон дар идораҳои пулис” аз мушкилоти раванди афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия хабар додааст. Муаллиф менависад, боздошти чанд муҳоҷир ҳангоми муроҷиат барои тамдиди муҳлати будубош дар Русия бархе аз муҳоҷиронро аз рафтан ба шӯъбаи пулис дудила кардааст. Аммо бархеи дигар гуфтанд, ки бидуни ҳеҷ мушкил дар идораҳои пулис дар Русия барасмиятдарории ҳуҷҷатҳояшонро анҷом медиҳанд.  Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки аз 25 март то 24 апрели имсол ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русия имкони тамдиди муҳлати будубош дода мешавад. Ин имкон ҳам ба муҳоҷироне дода мешавад, ки тариқи додгоҳ ҳукми ихроҷ аз Русияро нагирифта, танҳо қоидаи будубошро риоя нанамудаанд ё бе иҷозаи расмӣ ба кор пардохтаанд. Нашрия ёдовар мешавад, ки тасими барои афви муҳоҷирони тоҷик дар дидори ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин,  раисҷумҳурии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба даст омадааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир мақомоти Русия беш аз 250 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати афроди мамнӯъ-ул-вуруд  ба ин кишвар ворид кардаанд. Ҳафтаномаи русзабони чопи Душанбе, “Азия плюс” дар робита ба ин мавзӯъ матлабе чоп карда, ин суолро матраҳ кардааст, ки чаро муҳоҷирони тоҷик дар Ватан имтиҳони забони русиро намесупоранд? Аксари муҳоҷирони корӣ дар суҳбат ба хабарнигори ин ҳафтанома гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон дарёфти санади зарурӣ аз 10 то 12 рӯз тул мекашад, дар ҳоле ки дар Русия барои супурдани имтиҳон ва дарёфти санади зарурӣ ҳамагӣ як-ду рӯз лозим аст.

Сайидҷафар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси ҲДТ дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Озодагон” ба истилоҳ “ҳизби кисагӣ” будани ин ташаккули сиёсиро рад кардааст. Усмонзода зимни ин мусоҳиба гуфтааст, ки соли 2013, замони сабти дубораи ҲДТ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ин ҳизб танҳо 1141 узв дошт, аммо дар интихоботи парлумонии соли 2015 шумораи узви он то ба 15 ҳазор нафар афзоиш ёфт. Ба иддаои ӯ, пешниҳодоти ҲДТ дар аз сӯйии Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, онҳо ба барномаҳои мухталифи рушди давлатдорӣ ворид карда мешаванд ва ин бозгукунандаи он аст, ки ҲД дар равобит  бо ҳукумат дар сатҳи муносибе қарор дорад. Дар идомаи суҳбати хеш Сайидҷафар Усмонзода иддаои бархе коршиносонро мабнӣ ба “кисагӣ” донистани ҲДТ рад карда, гуфтааст, истилоҳи “кисагӣ” ба ин маъност, ки аз ҳисоби кисаи касе ҳизбро месозанд ва аммо ҲД  то имрӯз тангае на аз кисаи кадом як ҳукуматдор ё кадом гурӯҳи сиёсӣ, на аз дохил ва на аз хориҷ  дарёфт накардааст. Дар посух ба ин суоли Озодагон, ки “оё ҲД аз муколамаи ошкорои оммавӣ дида, муколамаи пӯшидаро бо ҳукумат дар авлавият қарор додааст?”,  раиси ин ҳизб гуфтааст: “Мо намехоҳем ҳарфи мо василаи сӯистифодаи инсонҳое шавад, ки мехоҳанд онро ба манфиати худ истифода кунанд ва ё онро дар муқобили ҳукумат дастак созанд”.

Дар матлаби дигаре нашрияи “Озодагон” ба баррасии қазияи тӯл кашидани азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон  пардохтааст. Нашрия аз қавли Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон навиштааст, ки таъхири парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе ба камбуди таҳияи аснод рабт дошта ангезаи сиёсӣ надорад. Ба навиштаи муаллиф,  Шоҳисломов рӯзи 4 апрел дар Душанбе зимни муаррифии хатсайри ҳавоии Тошканд-Душанбе-Тошканд, гуфтааст, таъхири ин парвозҳо ба чанд омил, аз ҷумла таъхир дар оғози фурӯши билетҳо ва то ба ҳол боз нашудани дафтари ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тошканд рабт дорад. Сафири Узбакистон омили таъхири парвозҳоро бештар фанниву ташкилӣ ном бурда, эҳтимоли вуҷуди тасмимгириҳои сисёсии пасипардагӣ дар ин қазияро комилан рад кардааст. Аз сӯйи дигар Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” гуфтааст, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ ҳама ҳуҷҷатҳо барои роҳандозии ин парвозҳо таҳия мешаванд ва қарор аст, нахустин парвоз рӯзи сешанбе, 11 апрел аз Тошканд ба Душанбе сурат бигирад.  

Ҳафтаномаи “Фараж” бо нашри унвони “Ҷанг барои китоб” суол гузоштааст, ки зери нимкосаи моҷаро бо ширкати Вазорати маорифи Тоҷикистон чӣ меистад? Муаллиф менависад, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар рӯзи 1 апрел ҳимоят карда гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд баргузор кунанд. Дар навбати худ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам кори пулисро дар амри ҷилавгирӣ аз кори намоишгоҳе, ки бо пешниҳоди имкониятҳои таҳсил дар хориҷа ихтисос дорад, дуруст номида гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание нашудааст. Худи созмони «Мултикид», ки 18 соли охир бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам сафоратхонаҳои аврупоию амрикоӣ ярмаркаи таҳсил дар хориҷаро барпо мекунад, бо пахши баёнияе мақомотро дар нақзи фаъолиятҳои оинномавии ин созмон муттаҳам кардааст.

Ба хулосаи муаллиф,  барои аввалин бор аст, ки маросиме бо ширкати меҳмонони хориҷӣ дар Тоҷикистон пароканда карда мешавад ва маълум мешавад, дар зеркосаи ин амал на қонунӣ ё ғайриқонуни будани намоишгоҳ, балки талош барои ба даст гирифтани тиҷорати фиристодани донишҷӯён ба хориҷ аст.