Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Тошканд
(last modified Sat, 08 Apr 2017 04:51:45 GMT )
Апрел 08, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон
    Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд дар Тошканд дидор ва мавзӯи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов ва Эрлон Абдилдаев дар ин дидор роҷеъ ба роҳҳои густариши муносиботи иқтисодиву тиҷорӣ, идомаи музокирот дар бораи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар, тақвияти ҳамкориҳои манотиқи марзӣ, ҳамлу нақл, авзои минтақа ва таҳаввулоти Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.

Вазири умури ҳориҷаи Қирғизистон аз ҳамтои тоҷикаш дархост кард, ки Тоҷикистон барои расондани кӯмакҳои башардӯстона ба ақвоми қирғизи сокин дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар манотиқи душворгузари кӯҳистонӣ воқеъ шудааст, аз тариқи қаламрави хеш мусоидат намояд.

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле барои идомаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар таъкид мекунанд, ки дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти Душанбеву Бишкек бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 976 километрии ин ду ҷумҳурӣ мушаххас шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ ва манобеи обу чарогоҳҳо дар манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғду Ботканд ихтилофи назар доранд, ки монеи имзои тавофуқи ҷомеъ дар заминаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар шудааст.