Коҳиши парвозҳои “Сомон –Эйр” ба Русия таъсире ба қимати билет надорад
(last modified Sat, 08 Apr 2017 05:23:50 GMT )
Апрел 08, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши парвозҳои “Сомон –Эйр” ба Русия таъсире ба қимати билет надорад

Бо вуҷуди коҳиши теъдоди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ба Русия, ин маҳдудият таъсири чандоне ба қимати билет дар масири Душанбе - Маскав надоштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Асия-плюс”, бо гузашти 5 рӯз аз коҳиши теъдоди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ба далели маҳдудиятҳои тарафи русӣ қимати билет дар масири Душанбе - Маскав тағйири қобили мулоҳизае надоштааст.

Зеро қабл аз коҳиши теъдоди парвозҳои ин ширкати тоҷикистонӣ тавассути Вазорати ҳамлу нақли Русия, аз рӯзи 3-юми апрели соли ҷорӣ “Сомон-Эйр” 7 парвоз дар як ҳафта дар масири Душанбе -Маскав анҷом медод, ки акнун бояд бо 3 парвоз иктифо кунад. Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии “Сомон- Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Хуҷанд – Маскав ҳафтае 3 парвоз анҷом медод, ки акнун ин парвозҳо қатъ шудааст. Аммо қимати билети ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон- Эйр” дар масири Душанбе - Маскав қабл аз таҳримҳои Русия барои ҳар мусофир 2 ҳазору 500 сомонӣ буд, ки ин рақам ҳамакнун ба 2 ҳазору 400 сомонӣ расида аст. Ҳамчунин қимати билети ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик- Эйр” дар масири Душанбе - Маскав барои ҳар мусофири 2 ҳазору 450 сомонӣ мебошад.

Вале қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар масири Душанбе -Маскав дар ҳоли ҳозир 2 ҳазору 200 то 2 ҳазору 380 сомонӣ эълом шудааст. Аз сӯйи дигар то лаҳзаи интишори ин хабар аз музокироти ҳайатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия барои ҳалли ихтилофи парвозии ахир миёни ин ду кишвар дар Маскав итилое дар даст нест.