Омӯзиши низомии русҳо ба 600 афсар ва сарбози тоҷик
Мусташорони русии пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон, барои 600 афсар ва сарбози нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик давраи омӯзишӣ баргузор карданд.
Ба гузориши Спутник, асотиди пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, барои 600 афсар ва сарбози нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик, давраҳои омӯзишӣ баргузор карданд.
Николай Беркалов- сухангӯи Минтақаи марказии низомии Русия дар ин бора гуфт, омӯзиши ин афсарон ва сарбозони тоҷик дар чорчуб тавофуқнома пойгоҳ низоми 201 Русия дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Вай идома дод, ин давраҳои омӯзишӣ дар пойгоҳҳои Лоҳур ва Сумбулии Тоҷикистон баргузор шуд ва сарбозони тоҷик, омӯзиши давраҳои мухталиф аз ҷумла омода кардани силоҳҳои норинҷакандоз ва тӯпро тавассути мусташорони русӣ фаро гирифтанд.
Сарбозони тоҷик дар класҳои теория ва тамриноти амалӣ, маҳорати тирандозӣ бо анвои силоҳҳо, ошноӣ бо техникҳои низомӣ ва ронандагӣ бо мошинҳои низомӣ ва тонкҳоро фаро гирифтанд.
Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни рус ва тоҷик аз 27 то 30 марти соли ҷорӣ. размоиши густурдае дар ин кишвар баргузор карданд, ки дар он 50 ҳазор сарбоз ва афсари Артиши миллии Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии Русия ширкат доштанд.