Апрел 09, 2017 09:22 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон барои маҳдудияти фурӯши доллар
    Иқдоми ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон барои маҳдудияти фурӯши доллар

Бонки миллии Тоҷикистон ба марокизи молӣ ва бонкии ин кишвар дастур додааст, ки барои муштариёни доимии хеш, фурӯши долларро маҳдуд ва дар сурати ниёз мамнуъ кунанд.

Ба гузориши сойти ТопТҷ, ахиран Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи хеш нархи 1 долларро 8 сомониву 39 дирам таъйин кардааст, ки дар марокизи молӣ ва бонкии вобаста ба ин ниҳод, ин шохис 8 сомониву 53 дирам мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон нобасомонӣ дар бозори муомилоти арзии ин кишварро кори дасти гурӯҳҳо ва афроде унвон мекунад, ки дар пайи судҷӯӣ аз ин шароит мебошанд ва бо муваққатӣ хондани ин авзоъ, аз эъмоли маҳдудиятҳои ҷадид дар заминаи хариду фурӯши арз хабар медиҳад. Аммо тоҷирон ва бозаргонон аз набуди арз барои идомаи фаъолият хеш, аз ҷумла ворид кардани коло ва маҳсулот аз кишварҳои хориҷӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки дар марокизи молӣ ва бонкии вобаста ба Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо ба хариди арз аз муштариён машғул ҳастанд, вале ба нудрат ва ба қимати боло метавон доллар таҳия кард.

Баҳром Шарифов иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки дар соли ҷорӣ барои бори нахуст аз марзи 8 сомонӣ убур кард, аз қабл қобили пешбинӣ буд. Зеро дар фасли баҳор коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, даромади камтар мефиристанд, бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар низ танҳо бо доллар имконпазир аст ва тақозо барои хариди арз ба шиддат афзоиш ёфта аст. Вале теъдоди дигаре аз иқтисоддонони тоҷик, яке аз далоили камбуди шадиди доллар дар ин кишварро коҳиши содироти коло ва маҳсулот ба хориҷ медонанд, ки тарози воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар камтар шудааст.

Давлати Тоҷикистон аз соли 2016 ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ ва коҳиши арзиши сомонӣ, саррофиҳоро таътил ва муомилоти арзиро танҳо дар марокизи бонкӣ ва молии ин кишвар, вобаста ба ин ниҳод муҷоз эълом кардааст.