Апрел 09, 2017 10:55 Asia/Dushanbe
  • Трансформатори ҷадиди тавзеъи барқ барои нерӯгоҳи барқи обии Норак
    Трансформатори ҷадиди тавзеъи барқ барои нерӯгоҳи барқи обии Норак

Дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё аз интиқоли трансформатори ҷадиди тавзеъи барқ, барои неругоҳи барқи обии Норак аз Туркия ба Тоҷикистон хабар дод.

  Ба гузориши сойти дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, ин трансформатор бо қудрати 500 киловатт бо кӯмаки молии ин ниҳод дар Туркия сохта шуда ва ахиран барои таъвизи таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

   Вазни ин трансформатор 220 тон аст, ки бо паймудани роҳе ба тӯли 5 ҳазор километр аз Туркия ба Тоҷикистон расид ва дар неругоҳи барқи обии Норак насб хоҳад шуд. Неругоҳи барқи обии Норак, бо зарфияти тавлиди 3 ҳазор мегаватт/барқ, ки 40 сол қабл ба баҳрабардорӣ расидааст, ниёз ба навсозии таҷҳизот дорад ва ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ, дар ҳоли музокира барои ҷазби кӯмаки молии ин ниҳодҳо ба манзури хариди таҷҳизоти ҷадиди мавриди ниёз ин неругоҳ мебошад.

  Дар ҳоли ҳозир, нерӯгоҳи барқи обии Норак, 60 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Аммо тайи солҳои ахир ба далели кӯҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, чандин маврид қатъи фаъолияти худкори он иттифоқ афтод, ки ҷадидтаринаш дар таърихи 28 октябри соли 2016 буд ва мӯҷиби хомӯшии саросарии барқ дар Тоҷикистон ба муддати 3 соат шуд.

 

Барчасп