Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз бар сари парвозҳо тавофуқ накардаанд
-
Душанбеву Маскав ҳанӯз ҳам бар сари парвозҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди музокироти дурӯзаи ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Русия дар Маскав барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир, ҳанӯз ҳам тарафҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
Ба гузориши сайти “Азия плюс”, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо Шералӣ Ганҷализода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон сарварӣ мекунад ва ҷонибҳо натавонистаанд ба роҳи ҳалли мавриди пазириши ду тараф дар заминаи танзими ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Маскав даст ёбанд.
Даври тозае аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки Вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои ҳафт парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд аз рӯзи саввуми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон-Эйр”- ро мамнуъ кард.
Дар вокуниш ба ин иқдом Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ эълом кард, ки аз рӯзи шашуми апрел ҳафт парвози ширкатҳои ҳавопаймоии “Хутути ҳавоии Урал” ва “Ют Эйр” –и Русия ба Душанбе ва Хуҷандро мамнуъ хоҳад кард, аммо ин тасмим ҳанӯз иҷро нашудааст.
Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қарор дорад.