Апрел 12, 2017 16:06 Asia/Dushanbe
  • Системаи дифои ҳавоии муштарак байни Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон эҷод мешавад

Муовини фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ ва фазоии Русия аз тавофуқномаи эҳдоси системаи дифои ҳавоии муштараки минтақаӣ байни Маскав, Душанбе ва Бишкек хабар дод.

Павел Кураченко, муовини фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ ва фазоии Русия гуфт: Тавофуқномаи эҳдоси системаи дифои ҳавоии муштараки минтақаӣ байни Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон ниҳоӣ шуд .

Вай идома дод: Ниҳодҳои дифоии дохилии Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоли омӯзиш барои иҷрои комили тавофуқномаи эҷоди системаи дифои ҳавоии воҳид байни ин 3 кишвар ҳастанд .

Кураченко афзуд: Ин тавофуқнома байни Русия ва Тоҷикистон тавассути Вазорати адлияи Тоҷикистон баррасӣ ва тайид шудааст .

Муовини фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ ва фазоии Русия гуфт: Ин санад барои баррасӣ ва тасвиб ба Вазорати дифои Қирғизистон низ ирсол шудааст .

Вай тасреҳ кард: Ҳамчунин Маскав дар талош барои ақди қарордоди мушобеҳе байни Русия ва Арманистон, Беларус ва Қазоқистон аст .

Кураченко дар поён изҳор дошт: Токунун дар таркиби системаи дифои ҳавоии муштараки кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ 19 воҳиди ҳавоӣ, 38 нерӯи мушакии зиддиҳавоӣ, 15 нерӯи радиоии фаннӣ, 9 типи дифои ҳавоӣ ва 3 радиои электронии ҷангӣ ҳузур доранд .