Аксари коргарони муҳоҷири тоҷик хостори фаъолият дар Тоҷикистон ҳастанд
Бар асоси як назарсанҷии анҷом шуда, тавассути сомонаи Ахбор, дар мавриди афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия, аксари коргарони муҳоҷири тоҷики муқими ин кишвар, хостори фаъолият дар Тоҷикистон мебошанд ва муътақиданд, ки бояд дар кишварашон барои онон иштиғолзоӣ шавад.
Ба гузориши сойти Ахбор, 57 дарсад аз афроде, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд гуфтаанд, ки беҳтар аст барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонии муқими Русия, дар кишвари худашон заминаи кор ва иштиғол фароҳам шавад.
Дар ин назарсанҷӣ 16 дарсад аз ин, ки Русия тасмим гирифтааст, наздик ба 200 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикистониро мавриди афв қарор диҳад, ибрози ризоят кардаанд. Аммо 15 дарсад низ муътақиданд, ки Маскав бояд тамоми 370 ҳазор коргари муҳоҷири мамнуъулвуруди тоҷикистонӣ ба ин кишварро мавриди афв қарор медод. Давлати Русия аз 25 моҳи марти соли ҷорӣ, раванди афви коргарони муҳоҷири тоҷикистониро бар асоси тавофуқи раисони ҷумҳурии ин ду кишвар оғоз кард, ки ба муддати як моҳ идома хоҳад дошт.
Дар ин раванд ба гуфтаи мақомоти Вазорати дохилии Русия наздик ба 200 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикистонӣ, ки ба далели нақзи қонуни иқомат, ба мавқеъ дарёт накардани муҷаввизи кор ва ё ҷароими сабук аз ҳаққи вуруди муҷаддад ба муддати аз 3 то 5 сол ба Русия маҳрум шудаанд, тайи 30 рӯз бо ироаи мадорики хеш ва таъйиди ниҳоди муҳоҷират метавонанд ба ин кишвар бозгарданд.
Мақомоти идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони мамнуъулвуруди ин кишвар ба Русияро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кардаанд.