Апрел 18, 2017 17:23 Asia/Dushanbe

Раиси идораи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва дабири Ҷашнвораи фарҳанги милал истиқбол аз ин ҷашнвораро бисёр мусбат арзёбӣ карда, мушорикати чашмгири донишҷӯёни тоҷикро сутуд.

Доктор Алӣ Ғаноӣ гуфт, таҳаққуқи шиори “Сулҳу дӯстӣ” аз раҳгузари баргузории ҷашнвораҳое бо ҳадафи густариши ҳамдилӣ ва ҳамзабонии мумкин аст. Ӯ афзуд, муваффақияти ҷашнвораи қабл мутасаддиёнро бар он дошт, то имсол Ҷашнвораи фарҳанги милалро бо шукӯҳу густурдагии бештаре баргузор кунанд.

Ғаноӣ ҳузури сафирон ва меҳмонони хориҷӣ, бавижа сафири Тоҷикистон дар Эрон, ҳамчунин мушорикати масъулони устони Хуросони Разавиро дар оини ифтитоҳияи ҷашнвора сутуда гуфт: «Ифтихор дорем, ки дар хидмати донишҷӯёни кишвари Тоҷикистон ҳастем. Донишҷӯёни тоҷик донишҷӯёни бофарҳанг ва қобили эҳтиром ҳастанд, ки дар маросими ифтитоҳия ва дар оростани ғурфаҳои махсуси худ ҳузури фаъолона доштанд».

Дар Ҷашнвораи фарҳанги милал донишҷӯёни 21 кишвари хориҷие, ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад таҳсил мекунанд, бо оростани ғурфаҳое фарҳанг, одобу русум, ҳунар ва саноати дастии кишвари худро ба дигар донишҷӯёну меҳмонон муаррифӣ мекунанд. Ин ҷашнвораи серӯза, ки рӯзи душанбе оғоз шудааст, фардо, чаҳоршанбе поён меёбад.