Апрел 19, 2017 08:56 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон симон вуҷуд дорад.
    Дар Тоҷикистон заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон симон вуҷуд дорад.

Тоҷикистон аз оғози соли 2017 ба Ӯзбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон беш аз 113 ҳазор тон семент (симон) содир карда, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, бо баҳрабардорӣ аз корхонаҳои ҷадиди тавлиди симон дар кишвар, акнун афзун бар таъмини ниёзи дохилӣ, заминаи содироти ин коло низ фароҳам шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2016 бо тавлиди наздик ба ду миллион тон симон, муваффақ шуд 300 ҳазор тон аз ин маҳсулро ба кишварҳои Афғонистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон содир кунад.

Дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди симон фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кӯмаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тавлиди симон дар ин кишвар дар соли 2016 афзоиши бесобиқае доштаву 500 ҳазор тон нисбат ба соли қабл аз он бештар будааст.

Мақомоти ин вазоратхона таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон симон вуҷуд дорад.

Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди симони ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

 

Барчасп