Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба дунболи чист?
Хабаргузории русии “Спутник” дар таҳлиле ба баррасии аҳдофи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон пардохтаву ин мавзӯро ба ду омили ҳимояти Душанбе аз Риёз дар саҳнаи байналмилалӣ ва муқобила бо нуфузи Эрон дар Тоҷикистон гиреҳ задааст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ахиран фаъолияти густардаи расонаии Арабистон дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва бархе аз нашрияҳову сомонаҳои хабарии ин ҷумҳурӣ ба интиқод аз сиёсатҳои Эрон мепардозанд, ки дар равобити Теҳрону Душанбе бесобиқа аст.
Ин хабаргузорӣ меафзояд, ҳамзамон ваъдаи мақомоти Риёз барои афзоиши сармоягузории Сандуқи Тавсеаи Арабистон дар тарҳҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҷиддитар мешавад ва аз ҷумлаи тарҳҳое, ки ин сандуқи Саудӣ дар Тоҷикистон ваъдаи сармоягузорӣ дар онро додааст, метавон ба барномаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва бемории СПИД дар вилояти Бадахшон, ҳимоят аз барномаи худкифоии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишвар, соҳилмустаҳкамкунӣ дар рӯдхонаи Панҷ ва обрасонӣ ба рустоҳои кӯҳистонӣ дар водии Рашт ишора кард.
Бо ин ҳол Андрей Захватов, коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки сармоягузории Риёз дар ин тарҳҳо дар муқоиса бо мушорикати молии Русия ва Чин ночиз аст ва дар сурате, ки Сандуқи Тавсеаи Арабистони Саудӣ дар тарҳи сохти нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон мушорикат мекард, метавонист заминаи поён додан ба буҳрони энержӣ дар фасли сарморо дар ин ҷумҳурӣ фароҳам кунад.
Ҳамчунин Александр Князов, коршиноси дигари руси масоили Осиёи Марказӣ ба “Спутник” гуфтааст, ки густариши фаъолиятҳои Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бояд муҷиби нигаронии Русия ва Эрон бошад, зеро Риёз аз ҳомиёни умдаи гурӯҳҳои салафиву такфирӣ дар минтақа аст ва ҳеч кӯмакеро бидуни дар назар гирифтани аҳдофи баландмуддат, аз ҷумла густариши тафаккури ваҳҳобӣ дар ихтиёри ҳеч кишваре қарор намедиҳад.