Апрел 20, 2017 09:19 Asia/Dushanbe
  • СБП рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои имсол 4, 5 дарсад пешбинӣ кардааст.
    СБП рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои имсол 4, 5 дарсад пешбинӣ кардааст.

Сандуқи байналмилалии пул коҳиши рушди иқтисодиро дар соли 2017 барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.

Ба гузориши сайти Сандуқи байналмилалии пул, ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар тозатарин арзёбии хеш аз вазъи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои имсол 4, 5 дарсад ва барои соли 2018 панҷ дарсад пешбинӣ кардааст.

Коршиносони Сандуқи байналмилалии пул иллати кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистонро пойин омадани қимати ду маҳсули умдаи содиротии ин кишвар; алюминий ва нахи панба дар бозори ҷаҳонӣ медонанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки идомаи буҳрони молӣ дар Русия ба далели таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия муҷиби коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ низ мешавад, ки ба бозори дохилии ин кишвар таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Сандуқи байналмилалии пул мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2016 шаш дарсад пешбинӣ карда буд, аммо мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта иқтисоди ин кишвар рушди 6,9 дарсадиро пушти сар гузоштааст.

 

Барчасп