Апрел 20, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Пас аз кашмакашҳои зиёд миёни мақомоти қазоии Тоҷикистон ва Туркия Абдурашид Ҳомидов озод шуд.
    Пас аз кашмакашҳои зиёд миёни мақомоти қазоии Тоҷикистон ва Туркия Абдурашид Ҳомидов озод шуд.

Мақомҳои додгустарии Туркия яке аз аъзои Гурӯҳи 24-ро ки дар ин кишвар дар боздошт ба сар мебурд, озод кардаанд.

Ба гузориши “Тоҷ-инфо”, Сӯҳроби Зафар, яке аз масъулони Гурӯҳи 24 гуфтааст, ки пас аз кашмакашҳои зиёд миёни мақомоти қазоии Тоҷикистон ва Туркия барои истирдоди Абдурашид Ҳомидов, узви ин гурӯҳ ба Душанбе, вай ахиран аз боздоштгоҳ озод шудааст.

Зафар таъкид кардааст, ки Абдурашид Ҳомидов бояд соли 2016 аз боздошт дар Туркия озод мешуд, аммо ба далели кудатои нофарҷоми тобистони гузашта дар Туркия, озодии ин узви Гурӯҳи 24 ба дарозо кашидааст.

 Ҳомидов аз соли 2014 дар Туркия зиндагӣ мекунад ва гуфта мешавад, ки қаблан яке аз масъулони таҳияи барномаҳои видеоии Гурӯҳи 24 дар шабакаи иҷтимоии Ютюб будааст, ки дар соли 2016 ба иттиҳоми узвият дар ин созмон боздошт шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти Гурӯҳи 24-ро дар қаламрави ин кишвар ба унвони созмони ифротӣ мамнуъ кард, ки дар пайи ин иқдом теъдоде аз аъзои он боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон дар моҳи январи имсол гуфта буд, ки ба Туркия дар мавриди истирдоди афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ 22 дархост ирсол кардаанд, ки ҳанӯз посухи мушаххасе ба ин дархостҳо дарёфт нашудааст.

 

Барчасп