Апрел 22, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон аз пардохти молиёт озод шуданд

Парлумони Тоҷикистон бо ҳадафи густариши гардишгарӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин бахш ширкатҳои гардишгариро аз пардохти молиёт озод кард.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонунгузории молиётӣ ва гумрук ширкатҳои гардишгариро аз пардохти молиёт дар панҷ соли аввали фаъолияташон озод кард.

То кунун дар Тоҷикистон 89 ширкати гардишгарӣ расман номнавис шуда, ки 24-тои онҳо аз пардохти андоз озод шуданд.

Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 21 апрел баргузор шуд, ҳамчунин таҷҳизот ва масолеҳи сохтимониеро, ки барои эҳдоси марокизи гардишгарӣ аз хориҷ ворид мешаванд, аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кард. Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти парлумон гуфт, ҳадаф аз ин ислоҳот рушди гардишгарӣ, фароҳамсозии зерсохтҳои гардишгарӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва эҳдоси манотиқи гардишгарӣ аст.

Ба андешаи Баҳруддин Исомуддинов, коршиноси умури гардишгарӣ мушкили аслии ин санъат дар Тоҷикистон шинохта шуда набудани ин кишвар ба унвони як кишвари гардишгарӣ ва набудани тасҳилоти лозим дар ин бахш аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ пешниҳод кард, ки як ниҳоди ҷудогона дар заминаи гардишгарӣ дар соли 2017 бунёд шавад. Вай таъкид карда буд, ки "бахши гардишгарӣ метавонад яке аз локомотивҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон" бошад.