Муҳлати 25 рӯза барои насби кортхонҳо дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 23 Apr 2017 05:36:09 GMT )
Апрел 23, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Муҳлати 25 рӯза барои насби кортхонҳо дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ ва Кумита андози Тоҷикистон ба масъулини 301 маркази тиҷорӣ ва хадамоти умумии ин кишвар 25 рӯз муҳлат додаанд, ки барои насби дастгоҳҳои кортхон (ПОС терминалҳои электронӣ) иқдом кунанд ва дар акси ҳол, ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар пайи баррасии раванди иҷрои дастури ҳукумати ин кишвар, бино бар насби дастгоҳҳои кортхон (ПОС терминалҳои электронӣ) дар марокизи тиҷорӣ ва хадамоти умумӣ аз сӯи нозирони ин ду ниҳод мушаххас шудааст, ки моликони 301 марказ ҳанӯз ҳам ба таври нақдӣ хариду фурӯш мекунанд.

Аз ин рӯ, барои ин марокиз 25 рӯзи дигар муҳлат дода шуда, то ин дастгоҳҳоро насб кунанд, ки дар сурати иҷро нашудани ин дастур, маҳкум ба пардохти ҷаримаи молии сангин хоҳанд шуд. Ҳадаф аз ин иқдом “пешбурд ва назорати татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон” дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ унвон мешавад.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир бонкҳои Тоҷикистон барои муштариён беш аз 1 миллиону 666 ҳазор адад корти бонкӣ содир кардаанд, ки дар муқоиса бо соли қабл 8.7 дарсад бештар мебошад. Акнун бо ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, барои масъулини марокизи тиҷорӣ ва хадамоти умумии ин кишвар, ки аз насби дастгоҳҳои кортхон худдорӣ мекунанд, ба пардохти ҷаримаи сангини молӣ ба андозаи 160 то 200 ҳазор сомонӣ маҳкум мешаванд.