Апрел 23, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди ронандаҳои Афғонистон ба масдуд кардани масири Қундуз ба Тоҷикистон

Шуморе аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Афғонистон, ба иллати адами дарёфти виза аз давлати Тоҷикистон, мақомоти ин кишварро ба масдуд кардани масири Қундуз ба Тоҷикистон таҳдид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба гуфтаи онон гирифтани виза аз давлати Тоҷикистон бисёр мушкил шуда ва онҳо наметавонанд, колои худро ба осонӣ ба ин кишвар ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, мунтақил кунанд.

Ин эътирозот пас аз он сурат гирифт, ки ронандаҳои Афғонистон бо муроҷиа ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз, муваффақ ба дарёфти виза нашуданд.

Масири Қундуз ба Тоҷикистон, яке аз роҳҳои муҳим барои интиқоли коло аз Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.