Коҳиши кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 25 Apr 2017 13:31:56 GMT )
Апрел 25, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон

Ҳукумати Амрико тасмим дорад, мизони кумакҳои ин кишвар ба бархе аз кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистонро коҳиш диҳад.

Ба гузориши нашрияи амрикоии “The Foreign Policy”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба тозагӣ дастуреро мабнӣ бар бознигарӣ дар наҳва ва шеваи кумакҳои Амрико ба соири кишварҳо имзо кардааст, ки бар асоси он, аз соли 2018 эътои кумакҳои Амрико ба бархе кишварҳо қатъ ва аз мизони кумакҳо ба бархе кишварҳои дигар коста мешавад. Бар ин асос, мизони кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар соли 2018 то 47,6 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Кумакҳои мавриди назари Кохи Сафед ҳамасола ва дар ростои нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангии Амрико дар саросари ҷаҳон, бавижа кишварҳои ҷаҳони сеюм аз тариқи ниҳоди рушди байналмилалии Амрико мавсум ба USAID  амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад, кулли масрафи барнома USAID 50 миллиард доллар аст.