Апрел 25, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори фармондеҳи Ситоди марказии Амрико бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо як масъули баландпояи артиши  Амрико дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.

 

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд,  имруз, 25 апрел Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо генерал Ҷозеф Л. Вотел, фармондеҳи Cитоди марказии артиши  Америка дидору мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Вотел вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амирко дар арсаҳои низомӣ ва низомӣ-фаннӣ, ки ҳадаф аз он саҳми муштарак дар таъмини амнияту суботи минтақа аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин манба таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчуби  барномаҳои мавсум ба дастгирии байналмилалии молӣ, ибтикори  ҷаҳонии  сулҳофарӣ, таълими низомӣ, мубориза бо терроризми байналмилалию  кочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти Маркази миллии омӯзиши  мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон, сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ду ҷониб аз ин ҳамкориҳо ибрози қаноъатмандӣ карда, ҳамзамон омодагии хешро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин арсаҳо  таъкид намудаанд. Инчунин дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи муштарак бо Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ва фаъолшавии гурӯҳои ҷиноии фаромиллӣ табодули назар кардаанд.

Бояд гуфт,  дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятӣ, бахусус мубориза алайҳи терроризми фаромиллӣ аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши муштараки низомиёни тоҷик ва амрикоӣ баргузор шуд. Дар ин размоиш аз ҷониби Тоҷикистон сад тан ва аз тарафи Амрико 150 низомӣ ширкат карда, ҳадаф  аз баргузории  размоиш тақвияти амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо назардошти он ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад, хатари доман паҳн кардани ноамниҳо аз он сӯйи Ому ба хоки ин кишвар аз чолишҳои  аслӣ  дар амри таъмини суботу амният барои  Душанбе маҳсуб мешавад. Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, ки таҳаввулоти моҳҳои ахир дар Афғонистон бозгукунандаи он аст, ки хатари густрариши терроризму ифротгароӣ аз он сӯйи марз бисёр ҷиддӣ аст.

Қосимшоҳ Искандаров, таҳлилгари тоҷик низ бар ин назар аст, ки мавзӯи таъмини амнияту субот дар минтақа бо таваҷҷуҳ ба доман паҳн кардани ноамниҳо ба бархе манотиқ  дар  шимоли Афғонистон аз аҳдофи сафари генералӣ амрикоӣ ба кишварҳои минтақа аст. 

Аз сӯи дигар Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури минтақа мегӯяд, бо вуҷуди он ки  кишварҳои Осиёи Марказӣ узви СПАД бо раҳбарии Русия ҳастанд, аммо бо назардошти манофеи миллӣ барои тақвияти тавонмандии нерӯҳои низомии хеш аз ҳамкорӣ бо Амрико низ парҳез намекунанд. Ҳамзамон ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки пушти ин ҳама таҳаррукоти  Амрико дар кишварҳои минтақа ҳамоно аҳдофи геостратегӣ ва геополитикии Вашингтон нуҳуфта аст. 

Бояд гуфт,  моҳи феврали соли ҷорӣ аз барқарории равобити  дипломатии миёни Тоҷикистон ва Амрико 25 сол сипарӣ шуд. Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе,  дар 25 соли ахир ин кишвар ба Тоҷикистон барои арсаҳои мухталиф ба маблағи 1 милларду 800 миллон доллар кумак кардааст, ки аз ин миён 262 миллион доллар  барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

 

 

Барчасп