Боздошти масъули такмили парвандаи ҷиноии Зайд Саидов ба иттиҳоми фасод
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон боздошти 17 корманди феълӣ ва собиқи ин ниҳодро ба иттиҳоми қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом таъйид кардаанд.
Ба гузориши “Азия плюс”, манобеи ин ниҳод ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар рӯзҳои ахир 17 корманди феълӣ ва собиқи Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ба иттиҳоми қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки амалиёти боздошти ин кормандон ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ аз як ҳафта қабл оғоз шудааст, ки дар миёни ин афрод Давлатбек Хайрзода ва Фирӯз Холмуродов, муовини собиқ ва мудири идораи бозҷӯии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мушоҳида мешаванд.
Бар асоси ин гузориш, ахиран Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳангоми рафтан ба Русия дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст.
Аз миёни ин афрод боздошти Фирӯз Холмуродов, мудири идораи бозҷӯии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст. Зеро ӯ масъули такмили парвандаи ҷиноии Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси Ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” аст, ки акнун дар зиндон давраи маҳкумияти 29 солаи хешро мегузаронад.
Холмуродов ҳамчунин масъулияти таҳқиқ ва бозҷӯӣ аз амволи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро пас аз мамнуъ шудани фаъолияти ин ҳизб дар соли 2015 бар ӯҳда дошт.