Апрел 29, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Сохти таъсисоти зербиноии тарҳи “Каса-1000” дар Тоҷикистон барои бори панҷум аст, ки ба таъхир меафтад.
    Сохти таъсисоти зербиноии тарҳи “Каса-1000” дар Тоҷикистон барои бори панҷум аст, ки ба таъхир меафтад.

Кишварҳо ва созмонҳои шарик дар тарҳи “Каса-1000” барои сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон, замон оғози сохти ин таъсисотро тамдид карданд.

Ба гузориши сайти тарҳи “Каса-1000”, мавзӯи сохти истгоҳҳои барқи фишорқавӣ барои интиқоли барқ аз ду нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” ва “Сангтӯда -2”-и Тоҷикистон ба Навшаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон дубора ба таъхир афтодааст.

Бар ин асос, акнун замони оғози сохти таъсисоти зербиноии тарҳи “Каса-1000” дар қаламрави Тоҷикистон барои бори панҷум аст, ки ба таъхир меафтад ва рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ таъйин шудааст.

Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, барои мушорикат дар ин тарҳ беш аз 200 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои машҳури олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ ибрози омодагӣ кардаанд, ки дар муноқисаи сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ мушорикат хоҳанд кард.

Вай таъкид кардааст, ки сохти истгоҳи фишорқавии интиқоли барқи мавсум ба “Сангтӯда” бо зарфияти 1 ҳазору 300 мегаватт дар Тоҷикистон, ки бояд аз Қирғизистон то Навшаҳри Покистон ба тӯли 1 ҳазору 200 километр идома ёбад, аз нигоҳи фаннӣ дар ҷаҳон бесобиқа аст. Аз ин рӯ, мушаххас кардани ширкати барандаи ин муноқиса замонбар аст ва бояд бо диққати бештаре анҷом шавад.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба “Каса-1000”  як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори хариду фурӯши барқ миён Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ба вуҷуд меовард. Бо иҷрои ин тарҳ дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хатти “Каса-1000”  ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Маросими оғози сохти тарҳи “Каса-1000”  бо ҳузури сарони кишварҳои шарик дар ин тарҳ рӯзи 12-уми майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуда буд.