Май 01, 2017 09:54 Asia/Dushanbe
  • Боздошти роҳиби калисои протестантии Хуҷанд ба иттиҳоми ифротгароӣ

Як роҳиби калисои протестантии Хуҷанд ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Forum18”, мақомоти амниятӣ, ахиран, Баҳром Холмуҳаммадов, роҳиби калисои "Sunmin sunbogym"- ро дар пайи кашфу забти китобҳои протестантӣ ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт карданд.

Мақомоти Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон аз додани ҳар тавзеҳе дар бораи иллати боздошти ин роҳиби калисои протестантӣ худдорӣ кардаанд. Аммо аъзои фирқаи протестантӣ дар Хуҷанд гуфтаанд, ки дар пайи баста шудани калисои ин гурӯҳ дар ноҳияи Конибодом дар моҳи марти соли ҷорӣ мақомоти амниятӣ ба бозрасии калисои “Sunmin sunbogym" дар Хуҷанд иқдом кардаанд. Ин афрод мегӯянд, ҳангоми бозрасии ин калисо чанд адабиёти мазҳабии фирқаи протестантӣ дар калисои Хуҷанд ба унвони китобҳои таблиғотии фирқаи ёдшуда кашф ва Баҳром Холмуҳаммадов, роҳиби ин клисо боздошт шудааст.

 Хабаргузории “Forum18” эълом кардааст, ки қаблан дар шаҳри Душанбе фаъолияти ду боғчаи кӯдакон, мутааллиқ ба ин калисо низ мамнӯъ шуда буд.

 Дар Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин кишвар садҳо гурӯҳу фирқаи ғайрисломӣ бо вуруд ба ин ҷумҳурӣ ба таъсиси марокизи худ иқдом карданд, ки ба таблиғи афкори оинҳои мухталиф дар миёни тоҷикон машғул ҳастанд. Бар асоси Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки дар соли 2009 тасвиб шудааст, пайравони фирқаҳои ғайрисломӣ бо доштани 10 узв метавонанд аз Кумитаи давлатии умури динии ин кишвар муҷаввизи фаъолият дарёфт намоянд. Аммо барои муҷаввизи сохту фаъолияти масоҷиди мусалмонон дар Тоҷикистон вуҷуди ҳазорон намозгузор илзомӣ аст.