Барқарори парвозҳои “Сомон Эйр” ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16528
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз дубора барқарор шудани парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Душанбе-Хуҷанд хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 02, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Барқарори парвозҳои “Сомон Эйр” ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз дубора барқарор шудани парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Душанбе-Хуҷанд хабар дод.

Ба иттилои сайти ширкати “Сомон Эйр”, ин хатсайрҳо дар пайи як баҳси ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав, аз ҷониби Русия маҳдуд шуда буд.

Масъулони ин ширкат гуфтаанд, парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Москва дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе ва дар самти Хуҷанд-Москва, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа сурат мегирад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ҳафтае 7 маротиба ва дар самти Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳафтае 3 маротиба амалӣ хоҳад кард.