Май 02, 2017 14:19 Asia/Dushanbe
  • Толибони Афғонистон ҳамчунон таҳдиде дар марзҳои Тоҷикистон

Масъулони марзбонии Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти амниятӣ дар марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, аз вуҷуди оромиши контроли нерӯҳои марзбонӣ бар манотиқи марзӣ хабар доданд.

Таъкиди мақомҳои марзбонии тоҷик бар зарурати таъмини амният дар вилояти Бадахшон ба унвони минтақаи ҳаммарзи ду кишвари Афғонистону Тоҷикистон дар шароите аст, ки авохири ҳафтаи гузашта гурӯҳи Толибон маркази шаҳристони Зибок дар Бадахшони Афғонистон, дар 35 километрии марз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистонро ба ишғоли худ дароварданд.

 Вазъияте ки амалан Толибонро ба марзҳои Тоҷикистон ва албатта ҷуғрофиёи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ наздик карду сабаби таҳкими мавозеи Толибони афғон дар ин манотиқ шуд.

Воқеият он аст, ки табаоти ҳузури Толибони Афғонистон дар манотиқи марзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бисёр бештар аз сарфи эҷоди ноамнӣ дар сарҳадоти кишварҳо ва ё нуфузи аъзои гурӯҳҳои ифротиву такфирӣ ба ҷумҳуриҳои минтақа аст.

Нигаронӣ он аст, ки ҷумҳурҳое назири Тоҷикистон ба унвони ҳалқаҳои заифи амниятии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ дучори бесуботӣ ва ноамнии пойдоре шаванд, ки акнун Афғонистон бо он даст ба гиребон аст.

Изҳороти Муҳаммадҷон Хоҷаев, сухангӯи Кумитаи марзбонии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи амалиёти камасари нерӯҳои интизомии афғон алайҳи Толибон бошад, тайиди ҳамин фарзия аст.

Нигаронии умда он аст, ки Толибон бо ҳифзи мавозеи худ дар манотиқи ҳамҷавор бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба осонӣ амнияти минтақаро таҳдид кунанд, ба хусус, ки вилояти Бадахшони Афғонистон ва Тоҷикистон аз роҳи Шоҳсалим бо Читроли Покистон марзи муштарак дорад ва ин бар нигарониҳо аз нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ аз Покистон ба минтақа афзуда аст.

 Вазъияте ки албатта реша дар пешинат бесуботӣ дар Афғонистон дорад то ҷое ки пештар гузориш шуда, дар наздикиҳои марзҳои Тоҷикистон-Афғонистон беш аз даҳ ҳазор шибҳи низомӣ мустақар шудаанд.

Таҳрику таҳарруки Толибон дар сохти урдӯгоҳ, марокизи омӯзиши низомӣ, анборҳо ва коргоҳҳои тавлиди аслиҳа ва маводи мунфаҷира низ бахше аз нигарониҳои амниятии мақомот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ба хусус, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо дар навоҳии марзӣ амалан имкони шиносоӣ ва асолати аъзои ин гурӯҳҳоро ба ҳаддиақал мерасонад. Танаввуи гурӯҳакҳои ифротӣ, такфирӣ ва террористӣ низ бахши дигаре аз ин нигарониҳо аст. Ва агар озору азияти мардуми марзнишин ва сокинони рустоҳои ин манотиқ аз сӯйи Толибону дигар гурӯҳҳои ифротиро дар назар бигирем, он вақт метавон гуфт, ки ин рафторҳо амалан тасаллут ва тавоноии давлатҳои марказии кишварҳои минтақаро дар таъмини амният дар чаҳорчӯби марзҳои миллӣ ва сарҳадоти ин кишварҳо ба чолиш мекашад. Таҳдиде, ки ҳар лаҳза мумкин аз тариқи шӯришҳову даргириҳои марзӣ дар ин манотиқ, аз ҷумла марзҳои Тоҷикистон аз қувва ба феъл дарояд ва амалиётӣ шавад. Ба хусус, ки на Афғонистон ва на Покистон бемайл нестанд бо чашмпӯшӣ аз таҳаррукоти Толибон, аз як сӯ заминаи хуруҷи ин нерӯҳо аз кишварҳои худро фароҳам оваранд ва аз сӯйи дигар бистари ҳузури онҳоро дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фароҳам кунанд ва буҳронро аз дохили марзҳои худ ба дигар кишварҳо мунтақил кунанд.