Май 04, 2017 09:03 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон

Мақомоти ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба далели ташдиди даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва Толибон, барои тақвияти марзҳо тадобири амниятӣ рӯйи даст гирифтанд.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона- нюз”, манобеи Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки кормандони созмонҳои байналмилалӣ аз манотиқи даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон хориҷ шудаанд, 7 нафар аз низомиёни афғонӣ низ, ки дар пайи ишғоли ноҳияи Зебок аз сӯйи гурӯҳи Толибон ба шиддат захмӣ шудаанд, дар бемористони ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон таҳти мудово ҳастанд.

Аммо корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабаргузории “Фарғона – нюз” гуфт, нерӯҳои гурӯҳи Толибон аз соли 2015 дар навоҳии Вардуч ва Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистон мустақар шудаанд.

Вай таъкид кард, пас аз ишғоли ноҳияи Зебок аз сӯйи гурӯҳи Толибон, акнун онҳо дар рустои Ҳушпок, дар 15 километрии марзи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон мустақар шудаанд.

Аз дидгоҳи ин фард, Толибон дар гузашта низ ҳеч гоҳ ба марзи Тоҷикистон ҳамла накардаанду гумон намеравад ин бор низ ба таҳоҷум алайҳи Тоҷикистон иқдом кунанд.

Ба гуфтаи ин корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ҳадафи Толибон афзоиши фишор бар давлати Афғонистон мебошад.

Ҳамчунин Шариф Сафоев, як сокини ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон таъкид кард, сокинони манотиқи даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон ба ноҳияи Рӯшони ин вилоят дар рӯбарӯйи марзи Тоҷикистон фирор кардаанд.

Вай гуфтааст, ки аз 7 низомии захмии афғонистонӣ, ки дар бемористони ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон таҳти дармон буданд, як нафар фавт кардаву як тани дигар барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба бемористони шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят мунтақил шудааст.

Бар асоси гузориши созмонҳои байналмилалӣ, дар ҳоли ҳозир аз 40 то 70 дарсад аз бархе манотиқи Афғонистон таҳти контроли гурӯҳи Толибон қарор дорад.

 

Барчасп