Боздошти кормандони фасодзада, мушкили фасодро ҳал мекунад?
Май 06, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
Ҳанӯз ҳам мавзуҳое пиромуни боздошти кормандони феълӣ ва пешини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар сархати хабарҳои ин кишвар аст.
Мӯҳр бар лаб доштани масъулон дар бораи ин боздоштҳо сабаб шудааст, расонаҳо ва коршиносон, худ ба гумоназанӣ дар бораи мавзуъ бипардозанд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳадаф аз ин боздоштҳо мубориза бо фасод бошад, онгоҳ метавон бозбинии парвандаи Зайд Саидовро интизор дошт. Онон ҳамчунин муътақиданд, боздоштҳо ба ҳалли масъалаи фасоди молӣ ва идорӣ дар Тоҷикистон мунҷар нахоҳад шуд ва ин мавзуъ бояд ба сурати решаӣ ҳал шавад.
Барчасп