Риш ва ҳиҷоб барои варзишгарони тоҷик мамнуъ мешавад
Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муқаррароти ахлоқии варзишкорони ин кишварро таҳия кардааст, ки бар асоси он, доштани риш барои мардон ва ҳиҷоби бонувон ва мураббиёни онон мамнуъ мешавад.
Ба гузориши сомонаи Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, як намояндаи ин ниҳод далели мамнуъияти риши мардон ва ҳиҷоби бонувони варзишкорро масоили беҳдоштӣ ва парҳез аз намодҳои мазҳабӣ унвон кардааст.
Суҳроб Акбаршоҳ таъкид кардааст, ки ин маншур барои баррасӣ ба соири вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ирсол ва пас аз омӯзиши ниҳоӣ барои тасвиб ба ҳукумати ин кишвар ироа хоҳад шуд. Аммо коршиносони варзишӣ ин иқдомро чандон матлуб намедонад. Ба ин далел, ки дар бахши варзишии Тоҷикистон танҳо чанд нафар аз мардон бо риш дар рақобатҳо ҳузур доранд ва ҳатто як бону ҳам вуҷуд надорад, ки бо ҳиҷоби исломӣ зоҳир шуда бошад.
Дар ҳоле, ки чанд сол қабл Парвиз Турсунов бозикуни тими футболи “Хайр” аз ноҳияи Ваҳдат, ки қасд дошт бо риш вориди майдон гардад, ба хотири ришаш аз мусобиқот канор зада шуд ва ин иқдом бо вокуниши маҳофили варзишӣ ва расонаии Тоҷикистон, рӯба рӯ гардид. Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳоле қасди мамнуъияти доштани риш барои мардон ва ҳиҷоби бонувон ва мураббиёни ононро матраҳ мекунад, ки ахиран Федератсияи ҷаҳонии Баскетбол ҳузури бонувони мусулмон бо пӯшиши исломӣ дар мусобиқоти ин риштаи варзиширо, муҷоз эълом кардааст.