Раисҷумҳури Доғистон ба Тоҷикистон сафар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16864-Раисҷумҳури_Доғистон_ба_Тоҷикистон_сафар_мекунад
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари 3 рӯзаи раисҷумҳури Доғистон ба ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 08, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Доғистон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари 3 рӯзаи раисҷумҳури Доғистон ба ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Рамазон Абдуллаттифов, раисҷумҳури Доғистон барои сафаре 3 рӯза аз даҳуми май ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард .

Дафтари матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷузъиёте дар мавриди ҳадафи сафар ва мавзуоти гуфтугӯи раисҷумҳури Доғистон бо мақомоти Тоҷикистон ироа накардааст.

Рамазон Абдуллаттифов аз 23 майи соли 2005 то 6 марти соли 2009 сафири Русия дар Душанбе буд ва дар замони вай танишҳои лафзии байни Тоҷикистону Русия дар мавриди сохти нерӯгоҳи Роғун афзоиш ёфт .