Саргардонии муштариёни бонкҳои варшикаста дар Тоҷикистон
Муштариёни ду бонки варшикастаи Тоҷикистон наметавонанд пулҳои худро пас бигиранд.
Ба иттилои Азия-Плюс, ахиран теъдоде аз муштариёни ду бонки варшикастаи “Фонобонк” ва “Тоҷпромбонк” бо таҷаммуъ муқобили Бонки миллии Тоҷикистон, тасреъ дар раванди бозпасгирии пулҳои худ аз ин ду ниҳоди молиро хостор шудаанд .
Нурмуҳаммад Шарифов, масъули назорат бар умури бонкии Бонки миллии Тоҷикистон дар дидор бо муштариёни ин бонкҳо аз онон хостааст, ки сабр пеша кунанд .
Бо ин ҳол, шокиён бо ишора ба Қонуни “Мамнуияти фаъолияти бонкҳо дар Тоҷикистон” мегӯянд, ки бар асоси ин қонун, “Фонобонк” ва “Тоҷпромбонк” бояд дар марҳалаи нахуст, қарзи худро ба вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ пардохт кунанд, сипас маоши муаввақаи кормандони худро бипардозанд ва дар поён мутолиботи муштариёнро тасвия кунанд .
Ҳамчунин ба гуфтаи шокиён, муштариёне, ки пасандози худро ба асъори хориҷӣ дар ин ду бонки варшикаста ҳифз мекарданд, акнун бояд пасандози худро ба сомонӣ дарёфт кунанд, ки арзиши он дар замони бозпардохт мушаххас нест ва ин мавзуъ хисорати фаровоне ба онон ворид мекунад .
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба ин пурсишҳо гуфтааст, ки тамомии ин маворид бо ҳукми додгоҳ ва пас аз фурӯши амволи ин ду бонки варшикаста таъини таклиф хоҳад шуд.