Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Франсия табрик гуфт
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Бо камоли сарфарозӣ ба шумо табрикоти самимонаи хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи президентии Франсия ирсол медорам”.
Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи барқияи табрикотии худ овардаааст: Ҷониби Тоҷикистон сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст, “Мо ба ояндаи равобити ҳасана бо Франсия дидгоҳи нек дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии шумо аз он муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно кардааст.