Май 09, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Барномаҳои вижаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон

Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистони имрӯз дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон барномаҳои вижаеро иҷро мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар канори ҳузури фаъол дар сиюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз тариқи барпоии ғурфаи арзаи китоб ва маҳсулоти фарҳангии кишвари Тоҷикистон, ду суханронии вижа бо меҳвари “Ташобуҳоти фарҳангии Эрону Тоҷикистон ва сайре дар олами эроншиносӣ” низ баргузор мекунад .

Суханронии нахуст имрӯз аз соати 14 ило 15:30 дар сарои байналмилали намоишгоҳ баргузор хоҳад шуд .

Дар ин нишаст, доктор Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси ҳайъатмудираи анҷуман ва доктор Ҳажири Теҳронӣ, фаъоли фарҳангӣ ва соҳибназар дар умури Тоҷикистон дар боби ташобуҳоти фарҳангии ду кишвар ва доктор Фоиза Ҷанидӣ, дабири Кумитаи адабии анҷуман низ дар хусуси сайре дар олами эроншиносӣ сухан хоҳанд гуфт .

Дар ин маросим ҳамчунин Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа суханронӣ хоҳад кард .

Шеърхонӣ ва иҷрои мусиқӣ аз дигар бахшҳои ин барнома аст .

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз сеюми майи имсол гушоиш ёфтааст ва то 13 май идома дорад .

 

Барчасп