Паёми табрикии Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон
(last modified Thu, 11 May 2017 06:32:55 GMT )
Май 11, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме фаро расидани биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ӯзбакистонро ба раиси ҷумҳурӣ, давлат ва миллати Ӯзбакистон табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар паёми табрикии худ ба Шавкат Мирзиёев, ҳамтои ӯзбакистониаш иброз доштааст: “Пайвандҳои амиқу ногусастании торихӣ ва тамаддунӣ байни Эрону Ӯзбакистон такягоҳе қавӣ ва поённопазир барои равобити ду кишвар аст”.

Рӯҳонӣ афзудааст, Эрон ва Ӯзбакистон дар солҳои гузашта тавонистаанд гомҳои муассире барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бурдоранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити Эрону Ӯзбакистон натоиҷи ошкору мондагореро дар таъмини манофеи муштарак ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ дар пай хоҳад дошт.