Май 11, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайни Афзалӣ мураббии қавитарин тими футзали Тоҷикистон шуд

Мураббии эронӣ бо қавитарин тими футзали Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.

Ба гузориши Оҷонси хабарии варзиши Эрон,  Ҳусайни Афзалӣ мураббии эронӣ бо тими «ДИСИ Инвест»-и Душанбе -қавитарин тим ва қаҳрамони се давраи бозиҳои футзали Тоҷикистон барои як давраи шаш моҳа, қарордод имзо кард.

Исматуллоҳ Давлатов- раиси бошгоҳи футзали «ДИСИ Инвест»-и Душанбе дар нишасти муаррифии Афзалӣ ба аъзои ин тим, ибрози умедворӣ кард, тими «ДИСИ Инвест» бо мураббии эронии худ дар бозиҳои осиёии бошгоҳҳои футзал, ки қарор аст, 19 то 30 июл дар Ҳошимини Ветнам баргузор шавад, натоиҷи чашмгире касб кунад.

Ҳусайни Афзалӣ низ гуфт, «ДИСИ Инвест» миёни бошгоҳҳои Тоҷикистон рақиб надорад, аммо ҳамаи бозикунон ва кодри тим бояд саъй кунанд худро дар арсаи байналмилалӣ низ собит кунанд.

Вай таъкид кард, муваффақият бо назм, инзибот ва талоши ҳаддиаксарӣ ба даст ме‎ояд.

 

Барчасп