Тоҷикистон ба шиддат гарм мешавад
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, дамои ҳаво рӯзҳои 12 то 15 май дар ин кишвар ба шиддат гарм мешавад.
Ба гузориши Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, бо вуруди мавҷи гармо дамои ҳаво дар чанд рӯзи оянда дар ин кишвар ба 41 дараҷа хоҳад расид. Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин дар бархе навоҳии кӯҳистонӣ ва сард ҳам дамо ба 32 дараҷа мерасад. Дар ҳамин иртибот Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки бо афзоиши дамои ҳаво, боло омадани об, лағжиши замин, резиши санг ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи кӯҳистонӣ бо сабаби об шудани барф ва яхҳо дур аз интизор нест. Хонум Юсуфова аз шаҳрвандон ва гардишгарони хостааст, то дар чанд рӯзи оянда аз сафар ба манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва тараддуд дар ҷодаҳои ин манотиқ худдорӣ кунанд.