Нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел
(last modified Mon, 15 May 2017 13:49:39 GMT )
Май 15, 2017 18:49 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел

Шашумин нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, бо баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи башар, авзои минтақа ва ҷаҳон баргузор шуд.

Ба гузориши сойти хабаргузории давлатии Ховар, ин нишасти имрӯз ба раёсати Муштараки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Георг Велла-ҳамтои малтаии вай ва раиси давраии Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

 Иҷрои кардан барномаи роҳбурди миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, коҳиши фақр дар ин кишвар, обу нержӣ, таъмини амният дар марзи муштараки ин ҷумҳури бо Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, муқобила бо фасоди молӣ ва ҳуқуқи башар аз мавзуоти ин нишаст буд.

Хабаргузориҳои мустақил гузориш додаанд, ки Аслов- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин нишаст эълом карда, ки ҳукумати ин кишвар барои муборизаи ҷиддӣ бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ барномарезӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик иҷроӣ хоҳад шуд.

Аслов таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ дар ин замина, ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст ёфтааст.

Суханони вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бора дастовардҳои мубориза бо фасоди молӣ дар ин кишвар дар ҳоле аст, ки ахиран теъдоде аз мақомот ва кормандони аршади Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми суиистифода аз мақом ва дарёфти ришва боздошт шудаанд.