Баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17358-Баргузории_дувоздаҳумин_давраи_интихоботи_раёсати_ҷумҳурии_Эрон_дар_Тоҷикистон
Бино ба иттилои ҳайати иҷроии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳавзаи Тоҷикистон, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа, 29-уми урдубиҳиштмоҳи 1396, баробар бо 19-уми майи соли 2017, ҳамзамон дар саросари Эрон ва 102 кишвари дигари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 18, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои ҳайати иҷроии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳавзаи Тоҷикистон, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа, 29-уми урдубиҳиштмоҳи 1396, баробар бо 19-уми майи соли 2017, ҳамзамон дар саросари Эрон ва 102 кишвари дигари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар Душанбе, ба манзури осонсозии ширкати эрониёни муқими ин кишвар, илова бар сандуқи раъйи мустақар дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, як сандуқи дигар низ дар шаҳри Роғун дар назар гирифта шудааст.

Ин сандуқҳо аз соати 8-и субҳ то 18 ба вақти Тоҷикистон омодаи дарёфти раъйи ҳамватанони эронӣ ҳастанд.

Мадорики ҳуввиятии қобили ироа барои ширкат дар раъйгирӣ дар хориҷ аз кишвар шиносномаву корти миллӣ ё гузарномаи муътабари эронӣ мебошад.

Синни афроди воҷиди шароит барои раъй додан 18 соли комил мебошад.

 Ҳамватанони эронӣ барои касби иттилооти бештар метавонанд ба адреси сайти Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон муроҷиа фармоянд:

www.dushanbe.mfa.ir