Май 18, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Лилия Бурунчук, мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзӯи таҷдид, тармим ва бунёди роҳҳои оҳану ҷоддаҳо аз меҳварҳои асосии гуфтугӯи рӯзи чаҳоршанбеи Эмомалӣ Раҳмон ва Лилия Бурунчун буд.

 Ду тараф таъсири авомили манфии берунӣ бар вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва роҳбурди рушди ин ҷумҳурӣ то соли 2030-ро низ баррасӣ карданд.

Дар ин дидор Ян Петер Олтерс, намояндаи ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳҳои таъмири нерӯгоҳи обии “Норак” ва обрасонии шаҳри Душанбе изҳори ризоият карду афзуд, афзоиши маблағҳои эҳдоии Бонки Ҷаҳонӣ барои пружаҳои энержӣ, рушди зерсохтҳои тавлидоти кишоварзӣ, кӯмак ба буҷаи давлатӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ метавонад омили таъмини рушди устувор дарТоҷикистон бошад.

Тарафҳо дар ин дидор ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, зерсохтҳои санъатӣ ва иҷтимоӣ, кӯмак ба бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, корофаринӣ ва сармоягузорӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистонро зарурӣ шумурданд.

 

Барчасп