Май 18, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз сохти нерӯгоҳи “Роғун”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, давлати Душанбе аз сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҳимоят мекунад.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон дар Брюссел, дар бораи сохти неругоҳи барқи обии Роғун, гуфт, давлати Тоҷикистон аз ин тарҳ ҳимоят мекунад ва ҳамвора манофеи кишварҳои ҳамсояро низ дар назар мегирад.

Аслов бо баёни ин ки оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон барои Осиёи Марказӣ кофӣ аст, афзуд, мушкили асосӣ, тавзеи ноодилонаи об дар кишварҳои минтақа мебошад.

Ин дипломати аршади тоҷик тасреҳ кард, барои ҳифзи манобеи обии кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳама боҳам талош кунем.

Ҳимояти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун дар ҳоле аст, ки бархе кишварҳо аз ҷумла Узбакистон аз сохти ин проект ибрози нигаронӣ карданд.

 

 

Барчасп