“Пайрави Пешво” ҷойгузини “Комсомол” дар мактабҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17446-Пайрави_Пешво_ҷойгузини_Комсомол_дар_мактабҳои_Тоҷикистон
Омӯзгорони бархе аз мактабҳои Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми ин кишвар пешниҳод додаанд, ки бо таъсиси созмони “Пайрави Пешво” донишомӯзонро ба узвияти он дароваранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 20, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • “Пайрави Пешво” ҷойгузини “Комсомол” дар мактабҳои Тоҷикистон

Омӯзгорони бархе аз мактабҳои Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми ин кишвар пешниҳод додаанд, ки бо таъсиси созмони “Пайрави Пешво” донишомӯзонро ба узвияти он дароваранд.

Ба гузориши “Топ. ти.ҷи”,  ба гуфтаи тарроҳони созмони “Пайрави Пешво” сохторе монанди “Комсомол”-и замони Шӯравӣ аст, ки метавонад халои идеологияи кунуниро дар байни навҷавонон пур кунад.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ин пешниҳодро омӯзгорон ироа кардаанд, вале ҳанӯз дар сатҳи расмӣ мутолиа нашудааст ва эҳтимол дорад ин идея то соли таҳсилии ҷадид баррасӣ шавад.

Ҳамакнун донишомӯзони синфҳои  9 то 11 –и мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон узви созмони “Сомониёни ҷавон” ҳастанд, ки чанд соли пеш таъсис шуд ва онро бахше аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои эҷоди идологияи меҳанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ медонанд.

Бо ин ҳол, ба назари мунтақидони давлати Тоҷикистон, пешниҳоди созмони “Пайрави Пешво” яке дигар аз нишонаҳои кеши шахспарастӣ дар ин кишвар аст.

 Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 –ро “Соли ҷавонон” эълом кардааст.