Май 21, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ноумедии Каромат Шарифов дар робита ба пардохти маоши муҳоҷирони тоҷик

Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия муътақид аст, ки дар аксари маворид талошҳо барои пардохти маоши ақибафтодаи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба ҷое нахоҳад расид.

Ба гузориши "Спутник", Каромат Шарифов гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир маоши ақибафтодаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар назди ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав ва навоҳии атрофи он ба беш аз ду миллиарду 260 миллион рубл расида, ки гирифтани ин маблағ ба замон ниёз дорад. Ӯ таъкид кардааст, ки дар як маврид ба далели тӯлонӣ шудани раванди пайгирии додани маоши муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз сӯйи ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав ин афрод ба додситони кулли Русия шикоят карданд, аммо додситони кулли Русия баррасии ин шикоятро ба додситони шаҳри Маскав супорид ва дар идома пайгирии ин мавзӯъ ба додситони ноҳияи маҳалли фаъолияти муҳоҷирон, Кумитаи тафтишот ва дар ниҳоят ба шаҳрдори Маскав вогузор шуд. Шарифов афзудааст, дар ниҳоят номае ба имзои Марат Ҳуснулин, муовини шаҳрдори Маскав дар умури сохтусоз дарёфт шуд, ки дар он навишта шуда буд, теъдоде аз ширкатҳои сохтмонӣ вуҷуди физикӣ надоранд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ низ пайдо кардани қарздорон амалан ғайримумкин аст.

Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мегӯяд, ин созмон ба ин натиҷа расидааст, ки шикояти муҳоҷиронро ба парлумони Русия, Кумитаи байнипарлумонии ин ниҳоди қонунгузорӣ ва Кумитаи равобити байналмилалии он бирасонад, зеро бо мавонеи мавҷуди идорӣ дар Русия баррасии ин мавзӯъ амалан бидуни натиҷа аст. Аз сӯи дигар Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кардааст, ки дар соли 2016 беш аз 500 маврид ва дар се моҳи нахусти имсол 16 мавриди шикоят аз коргарони муҳоҷири тоҷик бобати пардохт нашудани маоши онҳо аз сӯйи ширкатҳои сохтмонии русӣ дарёфт шудааст.

 

Барчасп