Таҷлил аз Муъмини Қаноат шоири шаҳири тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17536-Таҷлил_аз_Муъмини_Қаноат_шоири_шаҳири_тоҷик
Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, маросими таҷлил аз Муъмини Қаноат, шоири шаҳири шеъри нави форсӣ-тоҷик баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 21, 2017 15:18 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз Муъмини Қаноат шоири шаҳири тоҷик

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, маросими таҷлил аз Муъмини Қаноат, шоири шаҳири шеъри нави форсӣ-тоҷик баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими таҷлил аз ҳаштоду панҷумин солгарди Муъмини Қаноат, падари шеъри нави форсӣ-тоҷикӣ шаби гузашта дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ширкати намояндагони давлат, шуаро, адибон, донишомӯзон ва дӯстдорони шеъру адаб баргузор шуд .

Image Caption

Дар оғози маросим, Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷашни ҳаштоду панҷумин солгарди Муъмини Қаноатро табрик гуфту афзуд: Қаноат аз зумраи адибон ва шуарои барҷастаи муосир мебошад, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст .

Image Caption

Маҳмадалӣ Ватанзода, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқӣ таи суханоне изҳор дошт: Ман аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон ҳозир шудам, то паёми табрики вайро ба ин шоири шаҳир тақдим кунам .

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Шумо аз ҷумлаи адибони маъруфи Тоҷикистон ҳастед, ки ба пешрафти адабиёт ва фарҳанги тоҷик хидмати басазое кардед .

Дар ашъори шумо васфи Тоҷикистони азиз инъикос ёфта, ватандорӣ ва ватанпарварӣ, ситоиши инсон ва сулҳдӯстӣ меҳвари аслии ашъори шумост .

Дар охир, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ин шоири шаҳир комёбӣ ва саломатӣ орзу кард .

Ҳамчунин Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: Имрӯз рӯзи фархундае барои тамоми миллати тоҷик аст .

Image Caption

Вай бо истинод ба сухани бузургворе, ки “доно ба ҳар диёре азизу мукаррам аст, лаънат ба он диёр, ки нодон буд азиз” афзуд: Аслан Қаноат ба муаррифӣ ниёз надоранд, зеро тақрибан ҳамаи аҳли илм осори вайро ба хубӣ мешиносанд .

Орумбекзода дар идома тасреҳ кард: Қаноат аз афродест, ки дар гузаштаву ҳол дар адабиёти тоҷик саҳми басазое доштааст .

Ин масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар поён гуфт: Мазомини баланди фалсафӣ ва торихӣ аз мавзуоте мебошанд, ки дар осори вай нақш пурранге доранд .

Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ бо табрику таҳният аз зодрӯзи Муъмини Қаноат ва ёдоварӣ аз осори бузургони форсу тоҷик гуфт: Гузашти аём собит карда, ки шеъри Қаноат падидаи беназирв ва бузурге аст .

Қосим тасреҳ кард: Шеъри Қаноат баҳри бекарону ҷовдонест, ки ҳар кас аз он ба қадри зарфият ва дарку эҳсоси хеш об мехурад .

Дар поён раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ёдбуди ин иттиҳодро бо эҳтироми тамом ба Қаноат тақдим намуд.

Image Caption
Image Caption