Коҳиши арзиши тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 23 May 2017 04:07:21 GMT )
Май 23, 2017 09:07 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон

Арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи нахусти имсол 11,8 дарсад дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои сайти Агентии омори Тоҷикистон, арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз ибтидои имсол як миллиарду 45 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо чаҳор моҳи нахусти порсол 140 миллиону 200 ҳазор доллар коҳиш нишон медиҳад .

Бо ин ҳол, дар ин муддат арзиши содироти коло ба хориҷ аз Тоҷикистон 297 миллиону 300 ҳазор доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 32 миллиону 800 ҳазор доллар ё 12,3 дарсад афзоиш ёфтааст .

Ҳамчунин дар моҳҳои январ то апрели имсол воридоти коло ба Тоҷикистон 747 миллиону 10 ҳазор доллар ҳазина доштааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 18 дарсадӣ нишон медиҳад. Дар ин муддат, воридоти мошин, таҷҳизоти пизишкӣ, равғани растанӣ ва маҳсулоти петрошимӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст .

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар ду соли ахир, раванди воридот ба Тоҷикистон наздик ба як миллиарду 300 миллион доллар коҳиш ёфта, ки миёнгини моҳонаи ин шохис дар соли 2016, 259 миллион доллар будааст .

Аммо дар 4 моҳи нахусти имсол низ миёнгини моҳонаи воридоти коло ба Тоҷикистон боз ҳам коҳиш ёфта ва ба 187 миллион доллар расидааст.

Дар ин миён Тоҷикистон дар ин муддат бештарин тиҷорати хориҷиро бо Русияву Қазоқистон доштааст .

Ҳарчанд мизони муомилоти тиҷорӣ бо Русия имсол 1,2 дарсад коҳиш ва бо Остона 32 дарсад афзоиш нишон медиҳад .

Ҳамчунин мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи нахусти имсол 57 дарсад коҳиш ёфтааст .