Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ҷавонон
(last modified Wed, 24 May 2017 04:53:37 GMT )
Май 24, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ҷавонон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани Рӯзи ҷавононро ба насли ҷавони ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Ҷавонон изҳор дошт, ҳукумати ин кишвар ҷавононро қишри ояндасози ин ҷумҳурӣ медонад, ки дар сарнавишти ин кишвар ва рушду пешрафти он саҳме арзишманд ифо мекунанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба шароити печидаи ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдидҳову хатарҳои ҷадид, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм аз ҷавонони Тоҷикистон хостааст, бо дарки моҳияти воқеии ин созмонҳо, аз гароиш ба ин гурӯҳҳо ҷиддан парҳез кунанд.

 Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ аст ва насли ҷавони Тоҷикистон бояд бо дурӣ аз ин падидаҳо барои ҳифзи суботу пешрафти кишвари худ талош кунанд.

 Вай таъкид кард, ки ояндаи Тоҷикистону раванди созандагии ин кишвар ба талошҳои насли ҷавон бастагӣ дорад ва ба ғайр аз мардуми ин сарзамин дигар касе наметавонад заминаи рушду пешрафти ин ҷумҳуриро фароҳам кунад. Аз ин рӯ, насли ҷавони Тоҷикистон бо омӯзиши улуму фунуни навин бояд худро барои мудирияти ин кишвар дар оянда омода созад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола 23-юми май ба унвони Рӯзи Ҷавонон таҷлил мешавад.