Май 25, 2017 09:58 Asia/Dushanbe

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамроҳ ва ҳамдили мухотабони худ дар саҳаргоҳони моҳи мубораки Рамазон аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон дар саҳаргоҳони моҳи мубораки Рамазон вижабарномаеро бо унвони “Насими малакут” ба муддати 90 дақиқа аз рӯзи шанбе, 27-уми май ва ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон барои мухотабони худ дар Тоҷикистон таҳия ва пахш мекунад.

Бедордилон ва саҳархезони азизи тоҷикистонӣ метавонанд дар саҳарҳои моҳи шарифи Рамазон аз соати 2, 30 дақиқа то 4-и бомдод ба вақти Душанбе ин барномаро бар рӯйи мавҷи миёнаи 720 килоҳертз ва ҳамчунин мавҷи кӯтоҳи 7280 килоҳертз дарёфт кунанд.

 

Барчасп