Лаҳистон ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон паноҳандагӣ додааст
Сафири ғайримуқими Лаҳистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки давлаташ аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Душанбе, аз ҷумла Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро террорист намедонад.
Ба гузориши сайти “Топ.тҷ”, Петр Ивашкевич дар ҳошияи нишасти байналмилалии об дар Душанбе таъкид кардааст, ки кишвараш ба бархе намояндагони ин ду гурӯҳи сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон паноҳандагӣ эъто кардааст ва ононро террорист намедонад.
Ивашкевич афзуд, давлати Лаҳистон ҳамчунин аз истирдоди аъзои Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24 ба кишварашон ба дархости мақомоти қазоии тоҷик худдорӣ кардааст.
Ба гуфтаи сафири ғайримуқими Лаҳистон дар Тоҷикистон, бархе атбои тоҷик, ки ба Лаҳистон ворид шудаанд, ба далели буҳрони иқтисодӣ дар Русияву Беларус дар ҷустуҷӯи кори муносибе озими кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки чеҳраҳои сиёсӣ ба ҳисоб намеоянд.
Рӯзи 20-уми сентябри соли 2016 дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои баррасии мавзӯи ҳуқуқи башар дар Лаҳистон, ҳайате аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо вуруд ба маҳалли ин иҷлос эътирози худро ба боздошту ҳабси мухолифон дар кишварашон баён карданд.
Ин иқдом муҷиб шуд, ки ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз нишасти шӯроро тарк кунад.
Дар пайи ин ҳодиса равобити Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тира шуд ва чанд рӯз қабл низ мақомоти Душанбе эълом карданд, ки дар нишасти ин созмон дар Австрия, ки ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар ихтисос хоҳад дошт, ширкат намекунанд.
Петр Ивашкевич, сафири Лаҳистон дар Ӯзбакистон аст, ки ба таври ҳамзамон сафири ғайримуқими ин кишвар дар Тоҷикистон низ ба ҳисоб меояд.