Тоҷикистон дар нишасти САҲА ширкат накард
Мақомоти давлатӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Вена худдорӣ карданд.
Нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) бо мавзӯи баррасии масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён ва мубориза бо ифротгароӣ дар интернет 23 ва 24-уми май дар Венаи Австрия ташкил шуд.
Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон шомили Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар, ки барои ҳузур дар ҳамоиши САҲА даъватнома дарёфт карда буданд, дар охирин лаҳазот ба далоили номаълум аз ширкат дар ин ҳамоиш мунсариф шуданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳоле дар ин ҳамоиш ҳузур наёфтанд, ки дар сентябри соли 2016 нишасти пешини ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Полшаро дар эътироз ба ҳузури аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои мухолифи давлати Душанбе тарк карда буданд.
Гуфта мешавад аз он замон то кунун равобити давлати Душанбе бо САҲА рӯ ба тирагӣ ниҳодааст.