Май 27, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон ба 2 миллион тон мерасад

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар соли 2018 тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар ба ду миллион тон мерасад.

Ба гузориши сайти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тавлиди ангиштсанг дар соли 2016 дар ин кишвар ба як миллиону 300 ҳазор тон расид, ки рекорд маҳсуб мешавад.

Истихроҷи ангиштсанг аз маодини Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин сӯхти мавриди истифода дар саноати ин кишвар дар 4 моҳи нахусти имсол ба беш аз 226 ҳазор тон расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 47 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Ба далели набуди гази табиии дохилӣ ва қатъи содироти ин навъ сӯхт аз сӯйи Узбакистон ба Тоҷикистон, акнун беш аз 200 корхона ва маркази тавлидӣ дар ин кишвар аз ангиштсанг ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

 Манобеи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, ки барои таъмини ниёзи корхонаҳо ва марокизи тавлиди ин кишвар, аз ҷумла маркази гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе бояд тавлиди ангиштсанг дар ин ҷумҳурӣ имсол ба як миллиону 800 ҳазор тон бирасад.

Бар асоси ин гузориш, бо афзоиши тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон дар соли 2020, афзун бар таъмини ниёзи дохилии ин кишвар, заминаи содироти ин навъи сӯхт ба хориҷ низ фароҳам хоҳад шуд.

Дар Тоҷикстон аз захоири бузурги ангиштсанг дар майдонҳои “Фон – Яғноб”, “Шӯроб” дар Суғд, “Назар-айлоқ” дар водии Рашт, “Зидеҳ” дар шимоли шаҳри Душанбе ва “Сайёд” дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат истифода мешавад.

 

Барчасп