Қаҳрамонии Комроншоҳи Устопириён дар гуштии дзюдои Осиё
(last modified Sun, 28 May 2017 04:20:27 GMT )
Май 28, 2017 09:20 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Комроншоҳи Устопириён дар гуштии дзюдои Осиё

Варзишкори тоҷикистоние, ки дар кишвараш ба далели эътироз ба натиҷаи рақобатҳои қаҳрамонӣ дар риштаи дзюдо, ба ду сол дурӣ аз куштӣ маҳрум шуда буд, дар мусобиқоти осиёӣ, дар Ҳонконг мақоми нахустро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши сойти Кумитаи варзиш, ҷавонон ва сайёҳии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён- рӯзи 27 майи соли ҷорӣ, дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии зудои Осиё бо шикасти ҳарифе аз Қазоқистон дар Ҳанконг, мақоми нахусти ин рақобатҳо дар вазни 90 килограмро касб кард.

Вай дар ин рақобатҳо бо шикасти ҳарифоне аз Узбакистон ва ду ҷудокори ҷопонӣ ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо шикасти Ислом Бозбоев-варзишкори қазоқистонӣ дар вазни 90 кило қаҳрамони Осиё шуд.

Унвони қаҳрамони гуштии дзюдои Осиё, алакай дувумин пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар камтар аз ду моҳи охир баъди муҷозоти ин паҳлавон аз сӯи масъулони варзиши Тоҷикистон барои як моҷароест, ки бо ин паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи гуштии "Ҷоми Душанбе 2017” пеш омад.

Рӯзи 23 март дар рақобати ниҳоӣ дар ин мусобиқа доварон пирӯзиро ба рақиби Комроншоҳ – Саидҷалол Саидов доданд ва Комроншоҳ бисёр бо ҳарорат ба ин қарор вокуниш кард.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳукми маҳрумияти дусолаи Устопириён дар мусобиқоти миллии Тоҷикистон бо вокуниши манфии варзишкорон, расонаҳои хабарӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст.